武汉要勇敢挺住,打赢这场战斗!——塔吉克斯坦驻华大使馆外交官穆哈默德·叶嘎穆佐达作诗为中国武汉加油

17.03.2020  11:34

        在中国疫情爆发的这一个月,国际社会各界持续发声,支持中国为抗击新冠肺炎疫情做出的巨大努力,为中国加油打气。

      塔吉克斯坦驻华大使馆外交官穆哈默德·叶嘎穆佐达作诗“武汉要勇敢挺住,打赢这场战斗!”,为中国武汉加油,祈愿中国战胜新冠病毒肺炎疫情。   “ШОНАИ ДАРДРО БИШКАН, ВУҲАН!”   (Манзумае ба дастгирии Чин дар роҳи мубориза бар зидди паҳншавии короновирус)     “...Бани одам аъзои якдигаранд,Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.Чу узве ба дард оварад рӯзгор,Дигар узвҳоро намонад қарор.Ту к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ!”.Саъдии Шерозӣ,шоири тавонои форсу тоҷик, асри XIII (1184-1292)    Вуҳан – эй шаҳри мубталои дарду ҳасрат, хуфта дар домони дарёи Янтзе .... бархез, бархезу қомататро барафрохта нигаҳ дор. Мубориза бар, то ки шонаи дардро бишканӣ... Бо дарёфти нерӯи тоза аз умқи таърихи беш 3,5 ҳазорсолаи худ... бо такя ба рӯҳияи шикастнопазири сокинонат дар қарни муборизаҳои шадиди замони шоҳ Чу... бо такя ба арвоҳи сулолаи Шан — ба Чэн Тани бузург, ки замоне хишти аввали Панлунчэн — аввалин нуқтаи оғози бунёди шаҳрро гузошта буд, қомататро барафрохта нигаҳ дор ва мубориза бар, то ки шонаи дардро бишканӣ!   ***   Бо такя ба Манори турнаи Зард (Хуанхэлоу)... шонаи кӯҳҳои «роҳнамо»-и Вуданг.... ва боғи шафати Кӯҳи морон (Шэшан)... Эй Вуҳан, қомататро барафрохта нигаҳ дор ва мубориз бимон, то ки шонаи дардро бишканӣ! ... Вуҳан, эй Вуҳан....лаби ташнаатро бо қатраҳои оби ҷонбахши кӯли Дунху тар кун...  ба табли Зангулаҳои саодати ҳазорсола гӯш фармо... ба Маъбади Гуйюан сари ибодат фурӯ бар... Бархезу шамшери Гоучянро боло кун, қомататро барафрохта нигаҳ дор ва мубориза бар, то ки шонаи дардро бишканӣ!   ***   Ту, метавонӣ, Вуҳан... бо такя ба таърих ва фарҳанги ҳазорсолаи Чини Бузург... бо мадади арвоҳи пирони фалсафаи ҷаҳонӣ Конфутсий... ва ҳакими фозилу роҳнамои чиниҳо Лао Сзи... нидои қалби шоирони маҳбуби даврони Сулолаҳои Хан, Тан ва Сун, абармардони сухан Ли Бай... Ду Фу... Су Ши.... шеъри шоираи даврони сулолаи Сун, бону Ли Тсинчжао... бархез, бархезу қомататро барафрохта нигаҳ дор ва мубориза бар, то ки шонаи дардро бишканӣ...   ***   Ту, метавонӣ, Вуҳан! Бо такя ба... рӯҳияи шикастнопазир ва тавонои миллати меҳнаткаши чинӣ.. ... таърихи ҳафтодсолаи Ҷумҳурии Мардумии Чин... ба хотири орзуи чинӣ... ва бунёди ҷомеаи дорои сарнавишти ягона... ору номуси Чин ва алорағми ниятҳои душманон... ба хотири ашки чашмони табибону ҳамшираҳои шафқат, ки шабурӯз баҳри наҷоти беморон талош доранд... ба хотири ҷисму ҷони хастаи аскарбачаҳои чинӣ, мардумони зиёди андармону гирифтори мушкили ин вабо... – қомататро барафрохта нигаҳ дор ва мубориза бар, то ки шонаи дардро бишканӣ! Ин дард, дарди танҳо ту нест... Дарди Чин ҳам нест... Дарди ҷаҳон аст! Дарди тамоми инсоният. Ту шифо хоҳӣ ёфт, Вуҳан! Шифои ту, шифои ҷаҳон аст! Шифои дарди тамоми инсоният, шифои замон аст!     ***   ...Шифо хоҳӣ ёфт... Вуҳан...Яқин, шифо хоҳӣ ёфт! Зеро миллиардҳо одамон дар рӯи сайёраи Замин... Рӯй бар даргоҳи Офаридгор овардаанд... Ҳазин-ҳазин аз Ӯ мадад мепурсанд... Аз ҷумла тамоми мардуми Тоҷикистони азизи ман низ.. дасти дуо барои шифои комили ту бардоштаанд! Омин...     Муаллиф: Муҳаммад ЭГАМЗОДТарҷумон: Амриддин Носиров (穆志龙)Ден Син (邓新)Муҳаррир: Гэ Яҷун (葛亚军) Танзимгар: Фаромуз Пирмухамедов Пасоҳанг: Оҳанги халқии тоҷикӣ       以下为译文     “武汉要勇敢挺住,打赢这场战斗!”   (献给中国武汉,祈愿中国战胜新冠病毒肺炎疫情)    作者:Muhammad Egamzod(穆哈默德·叶嘎穆佐达) 译者:Amriddin Nosirov (穆志龙)Deng Xin(邓新) 审译:葛亚军(Ge Yajun) 制作:Faromuz Pirmukhamedov.(法海) 音乐:塔吉克民族音乐                        “......亚当子孙皆兄弟,兄弟犹如手足亲 造物之初本一体,一肢罹病染全身 为人不恤他人苦,活在世上枉为人!”   十三世纪波斯塔吉克著名诗人萨迪(1184-1292)     武汉啊,遭受病痛的城市,此刻,你躺在长江之畔…… 病痛折磨下的武汉啊,你要快点好起来,你要勇敢挺住,打赢这场战斗…… 在那里,有着三千五百多年的历史沧桑,赋予你坚强力量…… 在那里,有着从荆楚时代传承至今的坚不可摧的战斗精神…… 这精神,源自商汤——伟大的开国之君,在这里,始建了盘龙城 你,一定要勇敢挺住,打赢这场战斗!   ***   举世闻名的黄鹤楼…… 雄壮险峻的武当山…… 景色秀丽的黄鹄山…… 都是你强大的依靠, 武汉啊,你一定要勇敢挺住,打赢这场战斗! 武汉啊,武汉,让那东湖之水再一次滋润你,让你重焕生命…… 聆听千年古钟浑厚敲响……归元寺前虔诚地祈福…… 手执越王勾践剑,顽强地战斗吧, 你,一定要勇敢挺住,打赢这场战斗!   ***   你行,你一定行,武汉! 中华民族的悠久历史和灿烂文化…… 世界的文圣 ——孔子的智慧与精神…… 中国的先哲 ——老子的深邃玄博…… 汉唐两宋诗人的肺腑之声 ——李白、杜甫、苏轼臻于极致的诗句, 宋代词人李清照隽永美丽的词藻……都是你战斗的精神食粮, 你,一定要勇敢挺住,打赢这场战斗!   ***   你行,你一定行,武汉! 你,要依靠勤劳的中华儿女永不褪色的民族精神…… 依靠中华人民共和国七十年创造的历史辉煌…… 为了实现中华民族伟大复兴的中国梦…… 为了构建人类命运共同体…… 尽管你的善意经常遭受敌意…… 你,一定要勇敢挺住,打赢这场战斗! 武汉,此刻遭受病痛的,不只是你,也不只是中国…… 这病痛,是全世界的,全人类的! 你一定会康复,武汉!你的康复,是世界的康复! 是全人类的康复,是时代的康复!   ***   找到那治愈之路……武汉……是的,你一定会找到那治愈之路! 因为,地球上有成千上万的人,在共同为你祈福…… 尤其是友好的塔吉克斯坦人民...... 向伟大的真主祈求怜悯和恩惠,愿你顺利康复!阿门!